ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаҳои «Навсозӣ ва рақамигардонии низоми суғуртаи иҷтимоӣ» ва «Ҳамгироии амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ» дар маҷмуъ ба маблағи 63,84 миллион доллари амрикоӣ созишномаҳои грантӣ ба имзо расонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Созишномаҳоро 21 октябр дар шаҳри Душанбе Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото имзо намуданд.
Маблағи лоиҳаи «Навсозӣ ва рақамигардонии низоми суғуртаи иҷтимоӣ» 20,57 миллион доллари амрикоӣ ва лоиҳаи «Ҳамгироии амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ» 43,27 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ҳадафи асосии лоиҳаи «Навсозӣ ва рақамигардонии низоми суғуртаи иҷтимоӣ» аз таҳкими устувории низоми нафақа, тавсеаи фарогирии иҷтимоӣ тавассути рақамисозӣ, тақвияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва ҳалли мушкилоти демографӣ, иқтисодӣ, гендерӣ, ҳамчунин тағйирёбии иқлим иборат аст.
Мақсади асосии лоиҳаи «Ҳамгироии амнияти минтақавии тандурустӣ ва хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ» таҳкими иқтидори низоми тандурустии ҷумҳурӣ барои вокуниши саривақтӣ ва муассир ба таҳдидҳои фаромарзӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бемориҳои нави сироятӣ, инчунин баланд бардоштани устуворӣ ва самаранокии соҳа мебошад.
Ҳамзамон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) оид ба лоиҳаи «Сохтмони зеристгоҳ барои низоми магистралии энергетикии шаҳри Душанбе» ба маблағи 20,6 миллион доллари амрикоӣ Созишномаи грантӣ ба имзо расид.
Ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе тавассути сохтмони зеристгоҳи нави интиқоли барқи 220 кВ буда, ба ин васила ба рушди заминаи иқтисодӣ ва саноатии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 22, 2026 12:00
