ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорону сармоягузорон, шахсони саховатпеша зиёда аз 36 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла ҳазорҳо километр роҳ бунёду навсозӣ гардид. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпешаи мамлакат зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ, 2080 майдончаи варзиш ва 5100 иншооти хизматрасонӣ бунёду навсозӣ ва ба истифода дода шуданд.
«Бо саҳми онҳо 15 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ ва 734 пул бунёд гардидааст. Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст. Ин натиҷаҳо ифодаи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии соҳибкорони мамлакат мебошанд»,-тазаккур доданд Сарвари давлат.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорон ва шахсони саховатпеша барои саҳми арзандаашон дар ободиву пешрафти кишвар миннатдории самимӣ баён намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»
Октябрь 15, 2026 18:20

