ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ташрифи роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон идома дорад.
Аз ҷумла нимаи дуюми имрӯз барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Муовини якуми Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Доняр Амангелдиев, Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Арипов, Муовини сарвазир/вазири корҳои хориҷии Покистон Муҳаммад Исҳоқ Дор ва Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Александр Турчин ба Душанбе ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарони ҳайатҳро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 20 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.
Октябрь 19, 2026 15:56

