ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Алҳол дар Тоҷикистон теъдоди соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расида, 28 фоизи субъектҳои хоҷагидорро ташкил медиҳад. Чунин иброз намуд Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар ҳамоиши «Соҳибкории занон: имкониятҳо, навоварӣ ва рушди устувор», ки имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» баргузор гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид гузаронида шуда, дар он соҳикбкорзанони фаъоли мамлакат иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатӣ ва дастгирии соҳибкории занон дар минтақаҳо, омӯзиши касбӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ тавассути соҳибкории занон, нақши низоми бонкӣ дар тавсеаи дастрасии занон ба хизматрасониҳои молиявӣ, рақамикунонӣ ҳамчун омили рушди соҳибкории занон, тиҷорати электронӣ ва имкониятҳои рақамӣ барои рушди соҳибкорӣ, аз малакаҳои рақмӣ то имкониятҳои нави соҳибкорӣ, афзун намудани нақши занон дар соҳаи саноат ва истеҳсолот баррасӣ гардиданд.
Гуфта шуд, ки рушди соҳибкории занон дар кишвар дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Тавсеаи соҳибкории занон дар Тоҷикистон барои истифодаи пурраи неруи инсонии мамлакат аҳаммияти калон дорад. Дар ин замина Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» якҷо бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тасмим гирифтаанд, ки аз соли оянда дар минтақаҳои мамлакат давраҳои ройгони саводнокии рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъиро барои соҳибкорон, бахусус занон ташкил намоянд.
Таъкид гардид, ки дар давоми нӯҳ моҳи соли 2026 ба занони соҳибкори мамлакат 7,2 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 фоиз зиёд аст.
«Маблағгузорӣ барои дастгирии соҳибкории занон ба лоиҳаҳое равона гардидааст, ки фаъолияти устувор, ҷойи кор ва даромади воқеӣ ба вуҷуд меоранд. Ҳамчунин грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030 таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидааст»,-изҳор гардид дар ҳамоиш.
Ҳадафи он ба фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани ҳуқуқ, имконияти иқтисодии занон, таъмини иштироки баробари онҳо дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии занон дар бозори меҳнат, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон, ташкили ҷойи нави кор ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона гардидааст.
Иштирокдорон таъкид намуданд, ки занони соҳибкор дар баробари маблағ ба дониш, машварат, технология ва дастрасӣ ба бозор ниёз доранд. Муассисаҳои дастгирии соҳибкорӣ, донишгоҳҳо ва марказҳои касбомӯзӣ бояд омӯзиши таҳияи нақшаи тиҷоратӣ, баҳисобгирии молиявӣ, савдои электронӣ ва идоракунии истеҳсолотро васеъ намуда, ин равандро бо таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳо пайваст намоянд.
Иштирокдорони ҳамоиш инчунин доир ба дигар паҳлуҳои муҳими рушди соҳибкорӣ дар байни занон дар Тоҷикистон табодули назар карда, пешниҳодҳои судманд намуданд. Инчунин соҳибкорзанони муваффақи кишвар бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС:АМИТ «Ховар»
