ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Тайланд дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори генералии бахши амалиёти байналмилалии Бонки сармоягузории Аврупо (EIB Global) Эндрю Макдауэлл баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мулоқот ба масъалаи ҷалби маблағгузории бонк барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ дар ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ изҳор доштанд.
Ҳамзамон Файзиддин Қаҳҳорзода бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба сиёсати амалиётӣ ва хизматрасонӣ ба кишварҳо Галина Винселет вохӯрӣ намуд.
Дар мулоқот ба масъалаҳои маблағгузории Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва тақвияти ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Бонки Осиёии Рушд ва Бонки сармоягузории Аврупо барои татбиқи ин лоиҳаи аҳамияти стратегидошта таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади баррасии масъалаҳои маблағгузории неругоҳ ва ҳамоҳангсозии тадбирҳои минбаъда дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ҳар се ниҳоди молиявӣ ҷаласаи корӣ баргузор намоянд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 15, 2026 16:15

