ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор шуд. Дар ин рӯз намоиш — фурӯши навъҳои гуногуни ин маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин намоиши хӯрок ва шириниҳои аз онҳо омодашуда доир гардид. Сокинони пойтахт аз ин намоиш –фурӯш маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар дастрас намуданд. Ҳадафи асосии ин чорабинӣ рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
Истеъмоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза боиси хуб рушд ёфтани ҷисми инсон гардида, ҳолати фикрониро низ беҳтар мекунад. Ин аст, ки мутахассисони соҳаи тиб риояи истеъмоли дурусти ғизои солиму аз ҷиҳати экологӣ тозаро дар давраи инкишофи организм зарур мешуморанд. Маҳсулоти полезӣ — тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд. Ҳар яке аз ин маҳсулот дорои витаминҳо ва минералҳо мебошанд.
Тарбуз беҳтарин ғизост
Мутахассисони соҳаи тиб тарбузро 90-умин ғизои беҳтарини парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз фарбеҳӣ ранҷ мебаранд. Дилаи тарбуз, дона ва ҳатто пӯчоқи он хосияти табобатӣ дорад. Инчунин нафароне, ки гирифтори фишори баланди хун мебошанд, бояд ҳатман ба номгӯйи ғизои рӯзмарраашон тарбузро ҳамроҳ намоянд. Тарбуз холестеринро аз ҷисм берун мекунад, ки зимни бемориҳои дилу раг муҳим аст.
Тарбуз хосияти қавии пешобронӣ дорад. Ин хосияти тарбуз дар пӯчоқи он низ эҳсос мешавад. Аз пӯчоқи тарбуз ҷӯшобае тайёр кардан мумкин аст, ки ба муолиҷаи бемориҳои дилу гурда кумак мерасонад. Чунин муолиҷаро тамоми сол метавон идома дод.
Тарбуз барои фаъолияти чашм ва мағзи сар низ фоида дорад. Агар тарбуз истеъмол кунед, ба чашм ва қобилияти фикркуниатон фоидаовар аст. Ба гуфти мутахассисон, дар таркиби тарбуз мавҷуд будани витаминҳои А ва В6 чашмро аз ҳар хел сироятҳо ҳимоя ва хотираро мустаҳкам карда, суръати тафаккурро меафзояд.
Тарбуз муфидтарин зироати полезӣ ба шумор рафта, миқдори қанд дар таркибаш камтар аст. Фруктозаи таркиби тарбуз ба осонӣ дар организм ҳал мешавад. Солҳои охир тарбузро яке аз воситаҳои беҳтарин барои тозакунии ҷисм аз ифлосиҳои гуногун мешуморанд.
Миқдори оҳан дар харбуза бештар мебошад
Харбуза зироати гармидӯст буда, дар водиҳо, минтақаҳои наздикӯҳӣ ва заминҳои обиёришаванда ва лалмии аз бориш таъмин парвариш карда мешавад. Тоҷикистон яке аз маконҳои парвариши харбуза ба ҳисоб меравад. Навъҳои парваришшавандаи харбуза дар Осиёи Марказӣ зиёда аз 500 номгӯйро дар бар мегиранд.
Таркиби харбуза вобаста ба навъ ва давраи пухтарасиаш аз 8 то 23 фоиз қанд, 7-9 фоиз ангиштобҳо, миқдори зарурии витаминҳо ва моддаҳои минералиро дар бар мегирад. Дар таркиби харбуза миқдори оҳан назар ба шир 15-17 маротиба зиёд буда, элементҳои муҳим, ба монанди калий, калсий, хлор ва натрий мавҷуд мебошанд. Дар 100 грамм дилаи харбуза 33 калория мавҷуд буда, имтеъмоли он барои бемориҳои лоғарӣ, камхунӣ ва дилу рагҳои хунгар тавсия дода мешавад. Он низ маҳсулоти парҳезию табобатӣ ба ҳисоб меравад.
Ба андешаи мутахассисон, вақти беҳтарин барои истеъмоли он байни ду таом аст, ки таоми аввали хӯрдашуда ҳазм ёфта, аз меъда фаромада бошад. Тамокукашӣ боиси паст шудани сатҳи витамини А дар бадан мегардад. Харбуза миқдори онро барқарор мекунад ва қобилияти кам кардани зарари шушро дорад. Ғайр аз он бӯи харбуза бӯи нохуши тамокуро нест мекунад. Харбуза асабҳоро ором намуда, изтиробро коҳиш медиҳад.
Дар як рӯз 100 грамм кадуро бо ғизо истеъмол намоед
Бештари сокинони ҷумҳурӣ барои зимистон каду захира намуда, дар фасли зимистон аз он ҳар гуна хӯрокҳои лазиз омода менамоянд. Каду хусусияти хуби пешобронӣ дорад. Истифодаи каду дар хӯрок имкон медиҳад, ки он намакҳое, ки дар гурда ҷамъ ва сабаби пайдоиши сангҳо мешаванд, ба воситаи зиёд шудани пешоб аз организм хориҷ шаванд.
Доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов тавсия медиҳад, ки агар дар як рӯз 100 грамм кадуро бо ғизо истеъмол намоем, пас бунияи мо аз 29 то 30 килокалория неру ҳосил менамояд. Инчунин шираи каду метавонад сулфаро рафъ ва равғани он дарди қафаси синаро беҳбудӣ бахшад. Ғизошиносон кадуро ғизои латиф мегӯянд. Он ташнагиро мешиканад, сулфаро рафъ месозад, агар дилаашро бо равған истифода баранд, барои бемориҳои синдроми метоболикӣ, яъне ниқрис (подогра) манфиати хуб дорад.
Таҳқиқоти илмӣ муайян намудааст, ки дилаи каду кори узви ҳозимаро хуб намуда, хусусияти талхаронӣ дорад ва мубодилаи моддаҳоро дар худи буния ба танзим медарорад.
Дар таркиби каду 90,32 фоиз об, 9,68 фисад моддаҳои хушк, 1,1 фоиз сафеда, 6,5 фоиз карбогидридҳо, каротин, равған, витаминҳои В1, В2, В6, В9, РР, С, макроэлементҳои К, Са, Mg, Р, микроэлементҳо, олтингӯгирд, хлор, оҳан, йод ва дигар моддаҳо мавҷуд мебошанд. Инчунин дар тухми он 48-50 фоиз равған, 28 фоиз сафеда ва ба миқдори муайян макро–микроэлементҳо вуҷуд доранд, ки истеъмоли онҳо барои организми инсон ниҳоят зарур мебошад.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳирҷон САИДЗОДА (АКС)
АМИТ «Ховар»
