18 октябри соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба истиқболи 90-солагии таъсиси шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
***
11 сол пеш, 18 октябри соли 2015 дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхони Туғралро ифтитоҳ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати созанда ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакентро мавриди истифода қарор доданд.
***
18 октябри соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бурунди баргузор гардид.
***
18 октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёниро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳо оид ба равобити Тоҷикистон ва Эрон ва дар ин зимн ҳамкории ду давлат дар соҳаи таъмини амният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
18 ОКТЯБР:
Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар Озарбойҷон.
***
Рӯзи ҷаҳонии қанд.
***
Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони хоҷагии ҷангал.
***
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — Рӯзи Аляска.
РӮЙДОДҲО:
18 октябри соли 1922 Иттиҳодияи радиошунавонии британиягӣ- «ВВС» таъсис ёфт.
***
18 октябри соли 1968 дар Бозиҳои олимпӣ дар Мехико аз ҷониби Боб Бимон оид ба ҷаҳидан ба дарозии 8,90 метр рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд.
***
18 октябри соли 1993 Латвия асъори нави худ – латро ба муомилот баровард.
***
Дар ин рӯзи соли 2007 дар Покистон бузургтарин таркиш дар таърихи ин мамлакат ба амал омад: мошинҳои ҳамроҳикунандаи Беназир Бҳутто тарконида ва бар асари он беш аз 130 нафар ҳалок шуданд.
***
18 октябри соли 2011 Тоҷикистон, Русия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон ва Молдова Шартнома оид ба савдои озод дар Иттиҳоди Далатҳои Мустақилро ба имзо расониданд.
***
18 октябри соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Темур Зулфиқоров, адиби русзабони Тоҷикистон барои асари нави «Қиссаҳои тиллоии ишқ» дар Русия барандаи ҷоизаи Бунин гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1906 дар Русия қарор дар бораи баробарии деҳқонон бо дигар қишрҳои ҷомеа бароварда шуд ва онҳо ҳуқуқ ба интихоби озодонаи макони зисти худро пайдо намуданд. Ҳамчунин нисбат ба онҳо раво дидани ҷазоҳои ҷисмонӣ аз рӯйи ҳукми судҳо манъ карда шуд.
Октябрь 18, 2026 08:00
