ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14–15 октябр дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ доир шуд. Дар кори форум ҳайати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни форум масъалаҳои татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва баррасии парвандаҳои вобаста ба моликияти зеҳнӣ, таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, равишҳои гуногуни судӣ дар низомҳои ҳуқуқии кишварҳои мухталиф, инчунин роҳҳои таҳкими муколамаи касбӣ миёни судяҳо баррасӣ гардиданд.
Иброз гардид, ки форум яке аз минбарҳои муҳими байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, ба таҳкими ҳамкории касбӣ ва табодули таҷрибаи судӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад. Он ба фароҳам овардани заминаи мусоид барои баррасии масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ ва такмили механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ равона гардидааст.
Иштироки ҳайати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ барои омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, густариши ҳамкории судӣ ва таҳкими иқтидори касбии судяҳо дар самти баррасии баҳсҳои марбут ба моликияти зеҳнӣ аҳамияти муҳим дорад.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 16, 2026 18:10

