ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллии назорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин санад барои таҳкими ҳамкории мустақими мақомоти зиддикоррупсионии ду давлат, рушди муносибатҳои дуҷониба, мубодилаи дониш, иттилоот, таҷриба ва амалияи пешқадам дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, инчунин барои баргузории машваратҳо, конфронсҳо ва чорабиниҳои муштараки омӯзишию касбӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ба тасвиб расидани санад бо назардошти эътироф намудани асосҳои соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти миллӣ, баробарӣ ва манфиатҳои ҳарду давлати дӯсту бародар иқдоми саривақтӣ ва мақсаднок ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина густариши ҳамкории мутақобили судманд ва тақвият бахшидани фаъолият байни мақомоти марбута дар самти муқовимат ба коррупсия дар оянда ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду давлат ва паст кардани шиддати ин зуҳурот таъсири мусбат мерасонад.
АКС: АМИТ «Ховар»
Октябрь 19, 2026 16:22

