ДУШАНБЕ,15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷомеаи соҳибкорӣ яке аз неруҳои асосии пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон буда, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии мамлакат нақши муҳим дорад. Чунин иброз намуд муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар ҷаласаи панелии соҳавии «Шарикии рушд: тасмимҳои бонкӣ ва суғуртавӣ барои ҷомеаи соҳибкорӣ», ки дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш» имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи панелӣ намояндагони бахши соҳибкорӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавии кишвар, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Ҳукумати кишвар як қатор ташаббус ва барномаҳои давлатиро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» ва солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд.
Ҳамзамон ҷиҳати дастгирии соҳибкории занон, пешниҳоди грантҳои президентӣ барои солҳои 2025–2030 ва сабук гардонидани шароити фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла тавассути эълони мораторий ба санҷиши фаъолияти онҳо, тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.
Маҷмуи ин иқдомҳо бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ ва тавсеаи бахши хусусӣ буда, ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ равона шудаанд.
Дар идомаи ҳамоиш намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявию суғуртавии кишвар сухан намуда, масъалаҳои марбут ба рушди низоми молиявии кишварро баррасӣ карданд.
Дар баромадҳо вазъи кунунӣ ва нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкӣ, раванди қарздиҳӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ, рушди хизматрасониҳои муосири молиявӣ, тавсеаи инфрасохтори пардохтӣ ва густариши истифодаи хизматрасониҳои рақамӣ, ҳамзамон, масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорон ба шаклҳои гуногуни маблағгузорӣ, рушди хизматрасониҳои бонкии исломӣ, таъмини амнияти молиявӣ, тавсеаи бозори суғурта ва истифодаи имкониятҳои суғуртавӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ инъикос ёфта, барарсӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи ин самтҳо барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорон ба хизматрасониҳои молиявӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо ва таҳкими ҳамкории низоми молиявӣ бо ҷомеаи соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»,
АКС: АМИТ «Ховар»
