ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар шаҳри Масқат мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Салтанати Умон Саид Сауд ибни Ҳилол ибни Ҳамад Ал-Бусаидӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умонро дар соҳаҳои фарҳанг, варзиш ва ҷавонон баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон оид ба роҳҳои таҳким ва тавсеаи робитаҳо байни муассисаҳои соҳавии ду мамлакат, табодули таҷриба ва дониш, баланд бардоштани сатҳи ихтисоси мутахассисон ва ба роҳ мондани ҳамкории мустақим байни сохторҳои дахлдор мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин масъалаҳои таҳия ва ба имзо расонидани санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва варзиш, густариши робитаҳо тавассути ташкили сафарҳои расмии роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои соҳавии ду мамлакат мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон
Октябрь 20, 2026 12:00

