ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Амрикоро баррасӣ намуда, ҳавасмандии худро ба таҳкими шарикии дуҷониба, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ изҳор доштанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва тахкими субот ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 19, 2026 17:00
