ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар шаҳри Абу Забӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулазиз Муҳаммад Фараҷ Ал Мулла мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ байни Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб тавассути имзои созишномаҳои дуҷониба баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо инчунин иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ, ташкили семинарҳо барои баланд бардоштани зарфияти кадрҳо, табодули таҷриба ва дониш, омодасозии мутахассисон, инчунин мусоидати мутақобила ба раванди рақамисозии низоми маъмурикунонии андоз ва таҳлили маълумот оид ба масъалаҳои андозбандиро таъкид намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб

