ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили ҷашни бостонии Меҳргон – яке аз ҷашнҳои миллии тоҷикон ва унсури мероси фарҳангии ғайримоддии башарият, ки ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидааст, имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Дилрабо Мансурӣ доир ба иқтидори сайёҳии Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ сухан намуд.
Гуфта шуд, ки рушди сайёҳӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикиситон қарор дорад. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ буда, ба фароҳам овардани ҷойи нави кор, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ва муаррифии иқтидори сайёҳии мамлакат мусоидат менамояд.
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ ва шарикони рушд ташкил гардида, ба минбари муҳимми муколамаи байналмилалӣ, табодули таҷриба, таҳкими ҳамкории илмӣ ва муаррифии имконияти сайёҳии кишвар табдил гардид. Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳимми байналмилалиест, ки ҳадафи он муаррифии шоистаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан, мероси ғании фарҳангӣ, табиати нотакрор ва имконоти васеи рушди сайёҳии устувор мебошад. Ин чорабинӣ дар айёми таҷлили Меҳргон - яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик, ки соли 2024 ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардидааст, баргузор шуда, ба пайванди арзишҳои таърихию фарҳангӣ бо ҳадафҳои муосири рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аҳаммияти хосса мебахшад.
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» платформаи илмию амалӣ, фарҳангию намоишӣ ва сайёҳӣ арзёбӣ гардида, ду ҳазор намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорон, сармоягузорон ва коршиносонро аз 60 кишвари ҷаҳон ба ҳам овард. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон бо таърихи куҳан, табиати нотакрор, ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои ғании мардумӣ ва фарҳанги меҳмондорӣ барои рушди сайёҳии устувор, фарҳангӣ, этнографӣ, экологӣ ва гастрономӣ имконияти васеъ дорад.
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки мардуми тоҷик Меҳргон — ҷашни ҳосил, фаровонӣ, меҳнати созанда ва арҷгузорӣ ба неъматҳои табиатро таҷлил менамоянд. Ин ҷашни бостонӣ анъанаҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва фарҳанги меҳмондории тоҷиконро таҷассум менамояд. Ин аст, ки баргузории форум дар айёми ҷашни Меҳргон ба меҳмонони хориҷӣ имкон дод, ки дар баробари иштирок дар чорабиниҳои илмию амалӣ бо ҷашни ҳосил-Меҳргон, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ки дар саҳни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуда буданд ва бо гуногунрангии таърихию фарҳангии минтақаҳои Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд.
Форум то 18 октябр идома ёфта, дар маҷмуъ беш аз 20 чорабиниро фаро мегирад. Чорабиниҳо дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Норак, Хуҷанд, Данғара ва Дарвоз пешбинӣ шудаанд. Баргузории он дар ҳафт шаҳру ноҳия бо се забони корӣ — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз фарогирии васеи барнома ва аҳаммияти муколамаи байналмилалии он шаҳодат медиҳад. Дар меҳвари ин ҳамоиш масъалаҳои сайёҳии устувор, ҳифзи мероси фарҳангӣ, рушди сайёҳии таърихию этнографӣ, кишоварзии устувор, амнияти озуқаворӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ қарор доранд.
Барномаи форум имкон фароҳам меорад, ки на танҳо пойтахт, балки якчанд минтақаҳои дорои захираҳои муҳимми таърихию фарҳангӣ, табиӣ, кишоварзӣ ва сайёҳии Тоҷикистон низ дар маркази таваҷҷуҳи меҳмонон ва иштирокчиён қарор гиранд. Маҳз чунин фарогирии ҳудудӣ барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун макони гуногунҷанбаи сайёҳӣ аҳаммияти калон дорад. Ҳар минтақаи Тоҷикистон дорои хусусияти хоси табиӣ, анъанаҳои мардумӣ, ёдгориҳои таърихӣ, маҳсулоти маҳаллӣ ва имконияти рушди хизматрасонии сайёҳӣ мебошад. Ба ин васила форум метавонад барои шинохти беҳтари ин имконият, ташаккули хатсайрҳои нав ва тавсеаи ҳамкорӣ байни минтақаҳо заминаи мусоид фароҳам оварад.
Яке аз хусусияти муҳимми форум гуногунрангии барномаи он мебошад. Барномаи расмӣ маҷмуи конфронсҳои байналмилалӣ, симпозиумҳои илмӣ, экспедитсияҳои сайёҳӣ, фестивалҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо, олимпиадаҳои донишҷӯён ва мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо дар бар мегирад. Ин гуногунрангӣ имкон медиҳад, ки масъалаҳои рушди сайёҳӣ аз нуктаи назари илм, иқтисод, фарҳанг, соҳибкорӣ, технология ва робитаҳои байналмилалӣ баррасӣ шаванд.
Форум ҳамчун майдони бонуфузи байналмилалии муколама ва ҳамкорӣ масъалаҳои рушди сайёҳии устувор, ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ, кишоварзии устувор ва амнияти озуқаворӣ, сайёҳии гастрономӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро дар соҳаи сайёҳӣ фаро мегирад. Дар доираи форум, ки то 18 октябр идома меёбад, конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ, экспедитсияи илмию сайёҳӣ, фестивалу намоишгоҳҳои фарҳангию гастрономӣ, олимпиадаҳои байналмилалии донишҷӯён, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сайёҳӣ ва барномаҳои фарҳангию сайёҳӣ гузаронида мешаванд.
Иштирокдорони Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» ҳамчунин аз намоишгоҳи «Шукуҳи Меҳргон», ки дар саҳни ҳавлии донишгоҳ ташкил гардид, боздид намуданд. Ин намоишгоҳ муаррифи таҷлили пуршукуҳи ҷашни Меҳргон, мероси фарҳангӣ ва иқтидори сайёҳии Тоҷикистон буд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»

