ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 21 октябр дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак бо номи «Чодари хаёл» оғоз гардида, то 26 октябр идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар фестивал театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия ва дигар давлатҳо бо намоишҳои беҳтарин иштирок мекунанд.
Дар ин намоишгоҳ аз Тоҷикистон театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Душанбе, Бӯстон ва Бохтар иштирок мекунанд. Театри лӯхтаки Душанбе намоиши миллиро омода намуда, тамошобинонро бо анъанаҳои фарҳангӣ ва таърихӣ шинос месозад.
Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Ҳадафи аслии фестивал таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»
Октябрь 20, 2026 16:20

