ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 26 лоиҳа ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда, сатҳи умумии иҷрои барнома ба 31,2 фоиз расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Дар ин давра нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 37 миллиарду 152 миллион сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,1 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ба 27,3 фоиз баробар гардид.
Инчунин дар нуҳ моҳи соли 2026 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,2 фоиз, маҳсулоти саноатӣ 15,5 фоиз, гардиши савдо 36,7 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 13 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми боркашонӣ 18,8 фоиз ва мусофиркашонӣ 9,3 фоиз афзоиш ёфт.
Ҳамзамон дар ин давра қисми даромади буҷети вилоят пурра иҷро гардида, воридоти маблағҳо 4 миллиарду 534,6 миллион сомониро ташкил дод. Нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 106,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3 миллиарду 68,7 миллион сомонӣ ворид шуд.
Дар соҳаи бонкдорӣ ҳаҷми қарзҳои ба самтҳои гуногуни иқтисоди вилоят равонагардида ба 5,8 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 24,5 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 3,3 миллиард сомонӣ ба соҳибкорон, аз ҷумла 2 миллиард сомонӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ равона шудааст.
Ҳамчунин дар нимсолаи якуми соли 2026 ба иқтисоди вилоят 19,3 миллион доллари Илоёти Мутаҳидаи Амрико сармояи хориҷӣ ворид гардида, аз ин маблағ 12,1 миллион доллар ё 62,7 фоизро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон
Октябрь 18, 2026 14:30
