ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муаррифӣ ва баррасии лоиҳаи «Консепсияи пешниҳоди хизматрасониҳои сайёри кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии минтақаҳои дурдаст ва дастнораси Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласа баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, дар ҷаласа масъалаҳои ташкили гурӯҳҳои сайёри тиббӣ, муайян намудани ҳудуди фарогирии онҳо, таъминоти кадрӣ, истифодаи таҷҳизоти зарурӣ, таъминоти доруворӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият бо муассисаҳои мавҷудаи тандурустӣ ва мониторинги натиҷаҳо баррасӣ гардид.
Дар ҷаласа доир ба роҳҳои такмили лоиҳаи консепсия ва имкониятҳои амалисозии хизматрасониҳои сайёр дар минтақаҳои ниёзманд табодули афкор гардида, аҳамияти ҳамкории байниидоравӣ ва иштироки фаъоли шарикони рушд дар ин раванд муҳим арзёбӣ гардид.
Иброз шуд, ки таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва фароҳам овардани шароити баробар барои дастрасӣ ба кумаки тиббӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб мераванд.
Дар ин замина бо мақсади татбиқи самараноки «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ҷорӣ намудани шаклҳои нави пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ, махсусан барои сокинони минтақаҳои кӯҳистон, деҳоти дурдаст ва маҳалҳои дорои дастрасии маҳдуд ба муассисаҳои тандурустӣ аҳамияти муҳим дорад.
Гуфта шуд, ки омилҳои ҷуғрофӣ, дурии маҳалли зист аз муассисаҳои тиббӣ, мушкилоти нақлиётӣ ва шароити мавсимӣ дар баъзе минтақаҳои мамлакат метавонанд барои сари вақт гирифтани кумаки тиббӣ монеа эҷод намоянд. Ин ҳолат пеш аз ҳама ба занони ҳомила, кӯдакон, шахсони дорои бемориҳои музмин, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ таъсир мерасонад.
Аз ин рӯ хизматрасониҳои сайёри кумаки аввалияи тиббию санитарӣ яке аз роҳҳои беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба муоинаҳои тиббӣ, пешгирии бемориҳо, ташхиси барвақт, машваратҳои тиббӣ ва назорати вазъи саломатии гурӯҳҳои осебпазир мебошад.
Таъкид гардид, ки таҳия ва такмили консепсияи мазкур барои муайян намудани роҳҳои самараноки расонидани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии минтақаҳои дурдаст замина фароҳам оварда, ба беҳтар намудани дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат хоҳад кард.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 17, 2026 16:00
