ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 2671,1 километр роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки ин нишондиҳанда заминаи муҳим барои беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётии минтақа мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Аз масофаи умумии роҳҳои таъмиршуда 771,5 километр таъмири асосӣ ва 1111,5 километр таъмири амалӣ шуда, 788,1 километр бо шағал пӯшонида шуд.
Ҳамзамон дар ин давра ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 18762,6 миллион сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 4977,5 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 зиёд аст.
АКС: АМИТ «Ховар»
Октябрь 24, 2026 10:00

