ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария байни Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Тоҷикистон хабар доданд.
Ёддошти тафоҳум ба рушди ҳамкории мутақобили судманд, такмили ихтисоси судяҳо, омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, инчунин татбиқи равишҳои муосир дар баррасии парвандаҳо ва баҳсҳои вобаста ба моликияти зеҳнӣ равона гардидааст.
Дар шароити рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва густариши равандҳои инноватсионӣ ҳифзи боэътимоди ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ аҳамияти хосса касб менамояд. Дар ин замина ҳамкории судҳо бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ барои баланд бардоштани малакаҳои махсуси касбии судяҳо, такмили амалияи судӣ ва таҳкими механизмҳои ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии соҳибони ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ба имзо расидани ин санад заминаҳои ҳуқуқию ташкилии рушди минбаъдаи ҳамкории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳниро фароҳам оварда, ба густариши робитаҳои мутақобили судманд мусоидат хоҳад кард.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 14, 2026 15:10

