ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» 85 субъекти ватанӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки ба содироти маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ машғул мебошанд, дархост пешниҳод намуданд. Беҳтарин содироткунандагон аз рӯи номинатсияҳои дахлдори Қоидаҳои муқаррарнамудаи озмун интихоб шуданд. Ғолибон соҳиби ҳайкалча ва Диплом гардиданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода иброз дошт, ки давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ бо ибтикору дастгириҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади таҳкими Низоми миллии дастгирии содирот чораҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самти стратегӣ татбиқи тадбирҳои дахлдор идома дорад.
Дар самти пешбурди фаъолияти содиротӣ солҳои охир дар ҷумҳурӣ тадбирҳои судманд, ба хусус баргузории форумҳо, мизҳои мудаввар, ташкили намоишгоҳҳо, таҳияи барномаҳои соҳавӣ ва ғайра ба назар мерасад. Ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки бо мақсади воридшавии Тоҷикистон ба низоми муосири муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ ва созгор намудани иқтисоди миллӣ бо иқтисодиёти ҷаҳон, таҳкими иқтидори содиротӣ заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва сохтори институтсионалии рушди содирот такмил ёфт. Аз ҷумла, сохторҳои мусоидат ба содирот ташкил, шабакаи пешбурди мол дар хориҷа фаъол гардида, тадбирҳои ҳавасмандкунӣ барои дастгирии давлатии содирот, низомҳои муҳофизатӣ, рақобати маҳсулот, хизматрасониҳои логистикӣ, рушди менеҷменти сифат ва ғайраҳо амалӣ карда шуданд.
Мавқеи муҳими геополитикии ҷойгиршавии Тоҷикистон, захираҳои нодири табиӣ ва суръати мусбати рушди иқтисодиёт аз бартариҳои рақобатпазири ҷумҳурӣ буда, ҳамзамон омилҳои муҳими афзоиш ёфтани сармоягузорӣ ва амалӣ намудани технологияҳои нав ба бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, истихроҷи маъдан, саноати сабук, кишоварзӣ ва сайёҳии байналмилалӣ рабт доранд.
«Барои истифодаи самараноки иқтидори истеҳсолию содиротӣ тавассути ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон кафолату имтиёзҳои зиёд пешниҳод намуда, барои фаъолияти онҳо дар мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар қонунгузории ҷумҳурӣ барои сармоягузорон зиёда аз 240 намуди кафолатҳо, ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳо, алалхусус зиёда аз 110 имтиёзи андозию гумрукӣ пешбинӣ шудааст»,-гуфт Неъматулло Ҳикматуллозода.
Дар чорабинӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агаси Арутюнян сухан намуданд.
Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид. Ҳадафи он ташаккули Низоми миллии дастгирии содирот, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ, тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ-логистикӣ, муаррифии маҳсулоти содиротии ватанӣ ва содироткунандагон, баланд бардоштани мақоми байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ ва дарёфти бозорҳои нави содиротӣ мебошад.
Ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» — расидан ба ин ҳадафҳо буда, мақсади баргузории он таъмини рушди содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, дуруст ва дақиқ муайян кардани содироткунандагони боэътимод ва дурнамои иқтидори содиротии онҳо мебошад.
Гуфта шуд, ки аз ҷониби Агентии содирот феҳристҳои молу маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии ватании содиротӣ, субъектҳои содироткунанда ва ширкатҳои нақлиёти автомобилии боркашонии байналмилалии ватанӣ ва логистикӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардида, ба вазорату идораҳои дахлдор ва содироткунандагон барои истифодаи хизматӣ ирсол карда шуданд. Соли 2025 шумораи содироткунандагони маҳсулоти саноатӣ ба 195 субъект ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба 53 субъект расид.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» соли панҷум аст, ки аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
