ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22–23 октябр дар шаҳри Гулистон бо ташаббуси Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши геология дар рушди саноати мамлакат» конфронси байналмилалии илмию амалӣ ва Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ«Ховар» аз ин саридора хабар доданд.
Ҳадафи асосии конфронс баррасии нақши геология дар рушди саноати мамлакат, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва амалӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ мебошад. Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои истифодаи барномаҳои рақамӣ дар корҳои геологию иктишофӣ, моделсозии сеченакаи конҳо, баҳодиҳии захираҳои канданиҳои фоиданок ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳа мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар конфронс тақрибан 200 намояндаи сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таълимӣ, корхонаҳои соҳаи кӯҳӣ ва мутахассисони дохилию хориҷӣ аз 9 давлат – Австралия, Британияи Кабир, Бразилия, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озорбойҷон ва мизбон – Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Дар доираи конфронс меҳмонон бо мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Хуҷанд шинос мегарданд. Ҳамзамон ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ пешбинӣ шудааст.
Баргузории ин чорабинии байналмилалӣ барои табодули таҷрибаи пешқадам, таҳкими робитаҳои касбӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи геологияи Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 21, 2026 15:05
