ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд соли дуюм аст, ки пайиҳам Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро ба даст меорад. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи мазкур дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи футзали «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:2 пирӯз гардид.
Вохӯрии ҳалкунандаи ин дастаҳо дар Маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар ҷараёни бозӣ дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд ду маротиба аз ҳариф қафо монд (0:1 ва 1:2), аммо тавонист ҷараёни рақобатро ба нафъи худ тағйир дода, ғалаба ба даст орад. Аз ҳайати ғолибон легионери бразилӣ Фелипе Виейра ду гол ба нишон расонид. Голи дигари дастаи «Сипар»-ро Юри Ферейра зад. Аз ҳайати дастаи «Истиқлол» Дилшод Саломов ва Хосе Пахаро гол заданд.
Легионери бразилии дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд Фелипе Виейра беҳтарин бозингари вохӯрии ниҳоӣ эътироф гардид.
Барои пирӯзӣ дар Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футзал дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷоми фахрӣ ва 100 ҳазор сомонӣ мукофот гардид. Дастаи футзали «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки ба гирифтани мақоми дуюм мушарраф шуд, бо 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.
Аз рӯйи натиҷаи Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футзал беҳтаринҳо дар номинатсияҳои инфиродӣ чунин муайян шуданд:
Беҳтарин бозингари мусобиқа – Иқбол Воситзода («Сипар») – 4000 сомонӣ;
Беҳтарин мураббӣ – Дониёр Абдираимов («Сипар») – 4000 сомонӣ;
Беҳтарин дарвозабон – Фирӯз Бекмуродов («Сипар») – 3500 сомонӣ;
Беҳтарин нишонзан – Юри Ферейра («Сипар») – 3500 сомонӣ;
Беҳтарин легионер – Тиаго Игор («Истиқлол») – 3500 сомонӣ;
Беҳтарин бозигари ҷавон – Муҳаммад Авғонов («Истиқлол») – 3500 сомонӣ;
Беҳтарин дастаи расонаӣ – «Соро компания»-и шаҳри Душанбе- 3000 сомонӣ.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Октябрь 14, 2026 14:45
