ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 14 октябр таҷлил мегардад, имрӯз дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз гардид. Дар доираи он намоишгоҳи молу маҳсулоти ширкату корхонаҳои саноатии мамлакат ташкил карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар намоишгоҳ истеҳсолкунандагони ватанӣ маҳсулот, хизматрасониҳо ва технологияҳоро ба намоиш гузошта, ба сармоягузорони хориҷӣ ва доираҳои тиҷоратӣ муаррифӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» намояндагони давлат ва бахши хусусӣ, соҳибкорон, сармоягузорон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуда, дар он масъалаҳо оид ба рушди соҳибкорӣ, имконоти сармоягузорӣ, инноватсия ва таҳкими ҳамкории тиҷоратӣ баррасӣ карда мешаванд.
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» мулоқоти соҳибкорон дар қолаби B2B баргузор гардида, имзои санадҳои ҳамкорӣ дар назар аст.
Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» пагоҳ низ идома меёбад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
