ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «35 соли Истиқлол – 35 қуллаи варзиш» мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ аз рӯйи 35 намуди варзиш барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти мусобиқаҳо шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи якум гардид. Ҷойи дуюм ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷойи сеюм ба ноҳияи Ҷаббор Расулов дода шуд.
Мусобиқаҳо бо мақсади тарғибу ташвиқи намудҳои гуногуни варзиш, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба таъриху анъанаҳои миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муайян намудани дастаҳои мунтахаби вилоят баргузор карда шуданд.
Иштирокчиён аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла бокс, тенниси рӯи миз, шоҳмот, велосипедронӣ, баскетбол, шиноварӣ, варзиши сабук, камонварӣ, вазнбардорӣ, гӯштини юнонӣ-румӣ ва гӯштини кураш маҳорати варзишӣ нишон доданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Октябрь 12, 2026 10:20
