ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар шаҳри Батуми дар доираи вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Мака Бочоришвили баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди баъдии муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима намуда, ба раванди татбиқи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
Ҳамчунин оид ба рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкори судманд доир шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Октябрь 23, 2026 14:41
