ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Рӯзи ҷаҳонии норасоии йод маҳсуб мешавад. Ҳадаф аз ин рӯз баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи аҳамияти истеъмоли йод ва таъсири он ба саломатии инсон мебошад. Зеро йод микроэлементест, ки бадан барои фаъолияти ғадуди сипаршакл ба он ниёз дорад. Ин ғадуд ба бисёр вазифаҳои бадан, аз қабили суръати дил, мубодилаи моддаҳо, ҳарорати бадан ва кашишхӯрии мушакҳо таъсир мерасонад.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд. Инчунин 33 фоизи аҳолии ҷаҳон зери хатари бемории норасоии йод қарор доранд. Дар Ҳиндустон беш аз 6,1 миллион нафар аз бемории ҷоғари эндемикӣ ва 88 миллион нафар аз маъюбии руҳӣ ва ҷисмонӣ ранҷ мекашанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» табиб-эндокринологи Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунира Мирахмедова иброз намуд, «норасоии йод метавонад ба мушкилоти саломатӣ ва рушд, ки бо номи ихтилоли норасоии йод маълуманд, оварда расонад. Аз норасоии йод ҳама гурӯҳҳои аҳолӣ метавонанд азият кашанд, вале тибқи маълумоти ташкилоти байналмилалӣ, бештар занони ҳомиладор ва ширдеҳ осебпазиранд. Зеро ҷисми зани ҳомиладор на танҳо барои худаш, балки барои рушди ҷисмониву асабии ҷанин низ ҳормонҳои ғадуди сипаршаклро талаб менамояд. Норасоии йод дар ин давра метавонад боиси исқоти ҳамл, таваллуди бармаҳал ё нуқсонҳои ҷиддии майнаи сари кӯдак гардад. Ин мушкилӣ инчунин ба кӯдакони навзод ва то 5-сола бештар таъсир мерасонад. Чунки дар ин синн майнаи сар ва системаи асаби кӯдак бо суръати тез инкишоф меёбад. Камбуди йод дар кӯдакони хурдсол боиси суст шудани афзоиши ҷисмонӣ ва қафомонии ақлӣ мегардад».
Таъкид гардид, ки омили асосии кам гардидани йод дар организм истифода накардани маҳсулоти дорои йод, аз ҷумла намаки йоднокшуда, моҳӣ, маҳсулоти баҳрӣ ва ғайра мебошад.
Мунира Мирахмедова иброз намуд, ки «аломати кам будани йод дар организм ин аст, ки ғадуди сипаршакл ҳормонҳои камтар ҷудо мекунад ва ин боиси гипотиреоз (сустшавии фаъолияти ғадуди сипаршакл) мегардад. Нишонаҳои дигар — паст шудани фаъолияти мағзи сар, хастагии доимӣ ва суст шудани хотира мебошад. Дар кӯдакон ин ҳолат метавонад боиси гунгӣ, фалаҷи ҷузъӣ ва сустшавии рушд гардад».
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки истифодаи намаки йоднокшуда дар рӯзгор яке аз роҳҳои асосии пешгирии норасоии йод дар организм мебошад. Мувофиқи тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, меъёри шабонарӯзии эҳтиёҷот ба йод вобаста ба синн чунин аст:
Кӯдакони то 5-сола: 90 микрограмм (мкг);
Кӯдакони аз 6 то 12-сола: 120 микрограмм;
Наврасон ва калонсолон (аз 12-сола боло): 150 микрограмм;
Занони ҳомила ва ширдеҳ: 250 микрограмм (дар ин давра эҳтиёҷоти бадан ба йод баланд мешавад, зеро он барои рушди майнаи сари кӯдак зарур аст).
Норасоии йод дар организм метавонад боиси гирифторӣ ба ин бемориҳо гардад:
Ҷоғар (Зоб): Ин яке аз нишонаҳои аввалин ва аёнтарини норасоии йод мебошад. Вақте ки бадан йодро ба миқдори кофӣ дастрас намекунад, ғадуди сипаршакл барои иҷрои вазифаи худ ва ҷаббиши бештари йод ҳаҷман калон ва варам мешавад. Дар ҳолатҳои вазнин ҷоғари калон метавонад боиси мушкилии нафаскашӣ ва фурӯбарӣ гардад.
Камақлии модарзодӣ: Ин хатарноктарин оқибати норасоии йод ҳисоб мешавад. Агар зани ҳомиладор аз норасоии шадиди йод азият кашад, тифли ӯ метавонад бо ин беморӣ таваллуд шавад. Ин беморӣ боиси қафомонии шадид ва ислоҳнопазири зеҳнӣ (камақлӣ), қафомонии ҷисмонӣ, қадпастӣ, гунгӣ ва мушкилоти асаб мегардад.
Мушкилоти давраи ҳомиладорӣ: Камбуди йод ба саломатии репродуктивии зан таъсири манфӣ мерасонад ва метавонад сабаби бемориву безурётӣ, исқоти ҳамл, таваллуди кӯдаки мурда ё нуқсонҳои модарзодии ҷисмонии тифл гардад.
Рушди зеҳнии кӯдакон: Норасоии сабуки йод дар давраи кӯдакӣ ва наврасӣ метавонад боиси суст шудани қобилияти зеҳнӣ гардад. Кӯдаконе, ки дар баданашон йод намерасад, дар мактаб суст хонда, хотира ва диққаташон паст мешавад ва сатҳи зеҳнии (IQ) онҳо нисбат ба ҳамсолонашон 10-15 фоиз камтар мегардад.
Агар намак дуруст нигоҳ дошта нашавад, йоди таркиби он бухор шуда, намак хосияти шифобахшиашро гум мекунад. Аз ин рӯ, намакро ҳеҷ гоҳ дар зарфҳои кушода нигоҳ надоред. Онро бояд дар зарфҳои шишагӣ, сафолӣ ё пластикие, ки сарпӯшашон маҳкам баста мешавад, нигоҳ дошт. Барои таъмини организм бо йод ба ғайр аз намаки йоднокшуда метавонед маҳсулоти баҳрӣ- моҳӣ ё карами баҳрӣ, шир, панир, тухм ва аз меваҳои маҳаллӣ — хурмову чормағзро истеъмол намоед.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз
Октябрь 21, 2026 10:38
