ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо сардори Раёсати савдои байналмилалӣ, иқтисод ва технологияҳои рақамии Вазорати корҳои хориҷии Салтанати Умон Туфул бинти Абдуллоҳ Аз-Заҳаб мулоқот кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умонро баррасӣ намуда, атрофи роҳҳои густариши ҳамкории мутақобилан судманд, бахусус дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва технологияҳои рақамӣ табодули афкор анҷом доданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон
Октябрь 15, 2026 14:15
