ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Сессияи илмии байналмилалӣ дар мавзӯи «Тандурустии ҷаҳонӣ дар асри XXI: идоракунии омилҳои хавф ва стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ» баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар заминаи ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ба саломатӣ» доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабинӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки «дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ ба таври бесобиқа рушд ёфта, ислоҳоти бахшҳои мухталифи он идома дошта, давра ба давра сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар мегардад».
Гуфта шуд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибихтиёрӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоиёт ба соҳаи тандурустии мамлакат, алалхусус дар раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, рушди хадамоти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рўи принсипҳои пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Таъкид гардид, ки дар натиҷаи ин ҳама тадбирҳои андешидашуда дастрасӣ, сифат ва самаранокии маҷмўи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, алалхусус ба табақаҳои осебпазири он тадриҷан беҳтар гардида истодааст.
Таҳлили воридшавии рукнҳои асосии ислоҳоти соҳаи тандурустии мамлакат нишон медиҳад, ки айни замон заминаи боэътимоди меъёри ҳуқуқии он мавҷуд мебошад ва дар ин замина як қатор чорабиниҳои амалӣ анҷом дода мешаванд.
Дар фарҷоми ҳамоиш байни иштирокдорон мубодилаи таҷриба ва афкор доир шуда, оид ба масъалаи баррасишуда шарҳу тавсияҳои муфид пешниҳод гардиданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 15, 2026 14:35
