ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кино яке аз муҳимтарин василаҳои инъикоси ҳаёти ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддуни миллат ба ҷаҳониён ба шумор меравад. Он бо забони тасвиру садо қисса мекунад, аз гузаштаи пурифтихор ёд меорад, воқеияти имрӯзаро инъикос менамояд ва барои наслҳои оянда мероси маънавӣ ба ҷой мегузорад. Кинои тоҷик низ давоми фаъолияти худ роҳи пуршарафу пурпечутоберо тай намуда, дар муаррифии фарҳанг, таърих, расму ойин ва зиндагии мардуми тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.
– Дар Тоҷикистон ҳамасола 16 октябр Рӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Ин сана барои аҳли ҳунари синамо, коргардонҳо, ҳунарпешаҳо, филмноманависон, наворбардорон, оҳангсозон ва тамоми дӯстдорони ин навъи санъат фурсати муносибест, то бо дастовардҳои кинои миллӣ бештар шинос шаванд. Ҳамзамон аз заҳмату талошҳои аҳли эҷод ёд оваранд.
«Тоҷикфилм» — дар масири рушди кинои миллӣ
Дар рушди кинои тоҷик Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» нақши муҳим дорад. Филмҳои истеҳсолнамудаи ин муассиса дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ зиндагии мардум, арзишҳои ахлоқӣ, дӯстию рафоқат, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва муносибатҳои инсониро дар маркази таваҷҷуҳ қарор додаанд.
Ҳунари синамо бо имконияти васеи бадеии худ метавонад масъалаҳои муҳими ҷомеаро ба риштаи тасвир кашида, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, тарбияи маънавӣ ва бедории эҳсоси ватандӯстии тамошобин саҳм гузорад.
Имрӯз кинои тоҷик бо такя ба таҷрибаи гузашта ва ҷустуҷӯҳои нави эҷодӣ роҳи рушдро идома медиҳад. Иштироки филмҳои тоҷикӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ва ба даст овардани ҷоизаҳои гуногун аз таваҷҷуҳи тамошобинону мутахассисони хориҷӣ ба эҷодиёти синамогарони тоҷик шаҳодат медиҳад.
«Дов» — дастоварди синамогарони тоҷик дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ
«Филми ҳунарии «Дов»-и коргардон Муҳиддини Музаффар яке аз дастовардҳои назарраси кинои муосири тоҷик ба шумор рафта, то охири соли 2025 дар 33 ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 27 ҷоизаи байналмилалӣ гардидааст. Ин дастоварди арзанда гувоҳи эътирофи ҳунари синамогарони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Филм дар синамоҷашнвораи давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон бо ҷоизаи махсуси ҳакамон барои ҳамбастагии барҷастаи ҳунарпешаҳо, ки арзиши воқеии дӯстиро ба тамошобин манзур намудааст, бо ҷоизаи «Таваҷҷуҳи махсуси ҳакамон» қадрдонӣ карда шуд.
Ин филм дар ҷашнвораҳои байналмилалии Чебоксария, Оренбург, Псков, Санкт-Петербург, Қазон, Душанбе, Москва, Дакка, «Авруосиё», «Северный Характер» ва Калкуттаи Ҳиндустон соҳиби ҷоизаҳои гуногун гардид.
Аз ҷумла, ҷоизаҳои «Беҳтарин филми ҳунарӣ», «Беҳтарин филмнома», «Беҳтарин коргардон», «Беҳтарин нақши мардона», «Беҳтарин ансамбли ҳунарпешаҳо» ва «Ҷоизаи махсуси ҳакамон» аз ҷумлаи дастовардҳои ин филм мебошанд. Дар Синамоҷоизаи якуми миллии «Тоҷи Сомон» низ «Дов» бо ҷоизаҳои «Беҳтарин филми ҳунарии пурра» ва «Беҳтарин нақши мардона» қадрдонӣ карда шуд.
«Моҳӣ дар шаст» — муаррифи кинои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ
Филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Эрон «Моҳӣ дар шаст»–и коргардон Муҳиддин Музаффар аз ҷумлаи асарҳои муваффақи кинои муосири тоҷик ба шумор рафта, дар муддати кӯтоҳ дар ҷашнвораҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф гардид. Филм саргузашти таъсирбахши Далер–тарбиятгирандаи мактаб–интернатро қисса мекунад, ки барои пайдо кардани модари худ ба сафари тӯлонӣ мебарояд.
«Моҳӣ дар шаст» дар ҷашнвораҳои байналмилалии синамо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо иштирок намуда, ба дарёфти ҷоизаҳои муҳим мушарраф гардидааст. Аз ҷумла, дар 37-умин Кинофестивали байналмилалии кӯдакон ва наврасони Исфаҳони Эрон соҳиби ҷоизаи махсуси роҳбари ҷашнвора гардид. Дар Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» ба дарёфти Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ мушарраф шуд.
Моҳи майи соли 2026 дар Ҷашнвораи байналмилалии синамоии Забайкале, ки дар Федератсияи Русия баргузор гардид, сазовори ҷоизаи асосии «Беҳтарин филм» шуд. Моҳи июли соли 2026 дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид, ҳунарпешагони филм Хуршед Мустафоев ва Абдулло Абдураҳимзода барои иҷрои нақшҳои Самад ва Далер соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» гардиданд. Тибқи иттилои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», то моҳи июли соли 2026 филм дар 13 ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 9 ҷоизаи байналмилалӣ гардидааст.
Муваффақияти «Моҳӣ дар шаст» далели он аст, ки кинои тоҷик бо такя ба истеъдоди эҷодӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва таваҷҷуҳ ба арзишҳои умумиинсонӣ метавонад дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи шоиста пайдо намояд.
Дастовардҳои байналмилалии филми ҳунарии «Муаллим»
Филми ҳунарии «Муаллим»-и коргардон Носир Саидов аз ҷумлаи асарҳои кинои муосири тоҷик ба шумор рафта, дар муаррифии ҳунари синамогарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ин филм соли 2014 истеҳсол гардида, соли 2015 дар Ҷашнвораи байналмилалии синамои Инсбруки Австрия сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филм» гардид. Дар Ҷашнвораи байналмилалии «Минбари тиллоӣ»-и шаҳри Қазони Федератсияи Русия низ бо ҷоизаи «Беҳтарин филмнома» қадрдонӣ карда шуд. Ин дастовардҳо аз таваҷҷуҳи мутахассисони байналмилалӣ ба муҳтаво ва ҳунари эҷодии синамогарони тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Ҳамзамон ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Марат Орипов барои иҷрои нақш дар филми «Муаллим» дар Ҷашнвораи 33-юми байналмилалии филми «Фаҷр»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки соли 2015 баргузор гардид, соҳиби ҷоизаи «Симурғи булӯрин» шуд. Ин қадрдонӣ саҳми арзандаи ҳунармандони тоҷикро дар рушди санъати синамо ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ бозгӯйӣ намуда, аз имконияти эҷодии кинои тоҷик барои ҷалби таваҷҷуҳи тамошобинони хориҷӣ дарак медиҳад.
Филми «Муаллим» зиндагии пурталотуми омӯзгорро дар солҳои навадум нишон медиҳад. Нақшҳои асосии филмро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марат Орифов ва ҳунарманди эронӣ Маҳнози Афшор иҷро кардаанд.
«Роҳ» — сазовори Шоҳҷоизаи синамоӣ
Филми ҳунарии коргардони тоҷик Носир Саид «Роҳ» низ дар байни дастовардҳои кинои муосири тоҷик ҷойгоҳи хос дорад. Ин филм соли 2022 дар Синамоҷоизаи якуми миллии «Тоҷи Сомон» ва соли 2023 дар Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии «Тоҷи Сомон» сазовори Шоҳҷоиза гардидааст.
Дарёфти чунин ҷоизаи баланд аз эътирофи филм дар доираи чорабиниҳои муҳими синамоӣ дарак дода, саҳми эҷодкорони онро дар рушди кинои миллӣ бозгӯйӣ менамояд.
Филмҳои тоҷикӣ — инъикосгари ҳунари миллӣ
Филмҳои тоҷикӣ аз лиҳози жанр ва мазмун гуногун буда, паҳлуҳои мухталифи ҳаёти инсон ва ҷомеаро фаро мегиранд. Филмҳои мазҳакавӣ, драмаҳои иҷтимоӣ, асарҳои кӯтоҳи ҳунарӣ ва филмҳои мустанад ҳар кадом бо забони хоси худ ба тамошобин муроҷиат мекунанд.
Филми ҳунарию мазҳакавии «Автобус» соли 2020 дар Синамоҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусулмонии шаҳри Қазони Федератсияи Русия соҳиби Дипломи дараҷаи якум гардид. Дар Синамоҷоизаи якуми миллии «Тоҷи Сомон» дар бахшҳои «Беҳтарин нақши занона», «Беҳтарин танзимгар» ва «Беҳтарин оҳангсоз» низ қадрдонӣ карда шуд.
Филми мусиқию мазҳакавии «Хаёлпарастони музофотӣ» низ дар ҷашнвораҳои гуногун, аз ҷумла дар шаҳри Орели Русия, Москва, Асти Италия ва Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба дарёфти ҷоизаҳо ва қадрдониҳои гуногун мушарраф шудааст. Аз ҷумла, ҳунарпеша Рафоат Шоазимова ва оҳангсоз Иқбол Завқибеков барои саҳмашон дар офаридани ин филм қадрдонӣ гардидаанд.
Филми ҳунарии «Бачаи обӣ» низ дар чандин чорабинии синамоӣ муаррифӣ шуда, дар бахшҳои «Беҳтарин коргардон», «Беҳтарин филмнома», «Беҳтарин филм» ва «Беҳтарин нақши мардона» соҳиби ҷоизаҳо гардидааст. Филм дар Форуми байналмилалии кинематографияи миллии «Равоқи тиллоӣ»-и шаҳри Москва ва ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Осиё дар Лондон қадрдонӣ карда шудааст.
Ин гуна дастовардҳо гувоҳи онанд, ки гуногунрангии жанрӣ ва ҷустуҷӯҳои эҷодӣ барои ғанӣ гардидани муҳтавои кинои тоҷик имконоти нав фароҳам меоранд.
Филмҳои кӯтоҳи тоҷикӣ—муаррифи кинои миллӣ
Дар муаррифии кинои тоҷик филмҳои кӯтоҳи ҳунарӣ низ саҳми назаррас доранд. Бо вуҷуди давомнокии нисбатан кӯтоҳ чунин асарҳо метавонанд масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоиро бо забони фишурдаву таъсирбахш баён намоянд.
Филми кӯтоҳи ҳунарии «Додараки фариштаҳо» дар Синамоҷоизаи якуми миллии «Тоҷи Сомон» бо ҷоизаҳои «Беҳтарин наворбардор» ва «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» қадрдонӣ шуда, дар Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» низ соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» гардидааст.
Ин филм ҳамчунин дар Форуми байналмилалии кинематографияи миллии «Равоқи тиллоӣ»-и шаҳри Москва бо ҷоизаи «Беҳтарин филм» қадрдонӣ шуда, дар ҷашнвораҳои байналмилалии Қазон ва «Адабиёт ва кино»-и шаҳри Санкт-Петербург низ муаррифӣ гардид.
Филмҳои кӯтоҳи «Дӯғоб» ва «Аз баландии парвоз» низ бо дарёфти ҷоизаҳои синамоӣ дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар аз ҷумлаи асарҳое мебошанд, ки дар муаррифии имконоти эҷодии синамогарони тоҷик саҳм гузоштаанд.
Филми кӯтоҳи ҳунарии «Этюд»-и коргардон Мумин Латифӣ дар ҷашнвораи байналмилалии Кения соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯдакона» гардид.
«Тоҷи Сомон»—арсаи эътирофи дастовардҳои кинои тоҷик
Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти синамоии малакат Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» мебошад, ки барои қадрдонии дастовардҳои эҷодии синамогарони тоҷик замина фароҳам меорад.
Дар Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст»-и коргардон Муҳиддини Музаффар сазовори Шоҳҷоиза гардид. Филми «Пайравони ҳақиқат»-и Рустам Шоазимов дар номинатсияи «Беҳтарин филми мустанад», филми «Зани порсо»-и Фирдавс Насруллозода дар бахши «Беҳтарин филми тасвирӣ» ва филми «Дар талоши ҳақиқат»-и Манзаралӣ Шералӣ дар бахши «Беҳтарин филми ҳунарӣ» соҳиби ҷоиза гардиданд.
Филми «Модар»-и Нигина Раҷабова дар бахши «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» қадрдонӣ карда шуд. Рустам Отахонов барои коргардонии овози филми «Танҳо ту», Восеъ Набиев барои ороиши бадеии он ва Шуҳрат Қурбонов барои наворбардории ҳамин филм ҷоиза гирифтанд.
Ҳамчунин Зулайхои Абдуҳаким барои нақши кӯдакона дар филми «Се хоҳарон», Таҳмина Раҷабова ва Насриддин Нуриддинов барои нақшҳои занона ва мардона дар филми «Зиндагӣ зебост» қадрдонӣ шуданд. Далер Раҳматов низ барои коргардонии филми «Зиндагӣ зебост» соҳиби ҷоиза гардид.
Ҷоизаи ифтихории Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» — «Килки заррин» дар номинатсияи «Беҳтарин филмноманавис» ба Абдурофеъ Рабизода тақдим гардид.
Бояд гуфт, ки чунин иқдомҳо барои арҷгузорӣ ба заҳмати эҷодкорон, ҳавасмандгардонии истеъдодҳои нав ва рушди кинои миллӣ аҳамияти хос доранд.
Кинои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ
Иштироки филмҳои тоҷикӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ барои шинос намудани тамошобинони хориҷӣ бо фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии тоҷикон низ аҳамият муҳим дорад.
Ҷоизаҳои бадастомада аз ҷониби филмҳои «Дов», «Роҳ», «Бачаи обӣ», «Додараки фариштаҳо» ва дигар асарҳои истеҳсолнамудаи «Тоҷикфилм» нишон медиҳанд, ки кинои тоҷик дар фазои байналмилалии синамоӣ ҳузури худро нигоҳ дошта, барои муаррифии ҳунари миллӣ имконияти нав ба даст меорад.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи кинои тоҷик, ки ҳамасола 16 октябр таҷлил мешавад, барои қадрдонии аҳли синамо, ёдоварӣ аз дастовардҳои гузашта ва андеша дар бораи дурнамои рушди ин соҳаи муҳими фарҳангӣ фурсати муносиб аст. Дар ин рӯз бояд заҳмату талошҳои нафароне, ки дар рушди кинои тоҷик саҳм мегузоранд, эҳтиром ва қадрдонӣ карда шаванд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
