ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи густариши рӯзафзуни ҳамкории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб бо Гурӯҳи расонаҳои хабарии аморотии «IRIS Media» раванди баргузории Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар сархати хабарҳои зиёда аз 100 воситаҳои ахбори омма, пойгоҳҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозии Аморот ва ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ инъикос гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар дорданд, ҳадафи ҳамбастагии пайвастаи Намояндагии дипломатӣ бо воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб пешбурди дипломатияи иттилоотӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии шоистаи арзишҳои миллӣ, чорабиниҳои фарҳангию таърихӣ, суннатҳои анъанавии ниёгон, вежагиҳои тамаддуни куҳанбунёди тоҷик, имкониятҳои сайёҳӣ ва дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар маҳсуб меёбад.
АКС: Сафорати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Октябрь 15, 2026 17:00

