ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Тайланд мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Тоҷикистон.
Файзиддин Қаҳҳорзода барои ҳамкории судманд ва саҳми арзандаи фонд дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ изҳори сипос намуда, таваҷҷуҳи махсус ба идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» зоҳир гардид. Аз ҷониби фонд дархост шуд, ки барои суръат бахшидан ба раванди маблағгузории марҳилаи якум ва ба имзо расонидани созишномаҳои маблағгузории марҳилаҳои дуюм ва сеюми лоиҳа мусоидат карда шавад.
Дар фарҷом мусоҳибон вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, нақлиёт ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 15, 2026 19:20

