ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии соҳа ва афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ 12 октябр зимни вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо намояндагони шарикони рушд баррасӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкории судманд, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд.
Гуфта шуд, ки дар шароити кунунӣ соҳаи кишоварзӣ дар саросари ҷаҳон таҳти таъсири омилҳои гуногуни мураккаб ва ба ҳам алоқаманд қарор дорад. Аз ҷумла, тағйирёбии иқлим, афзоиши басомади офатҳои табиӣ, маҳдуд гардидани захираҳои обу замин, тағйирёбии вазъи бозорҳои ҷаҳонии озуқаворӣ, болоравии арзиши воситаҳои истеҳсолот ва халалдор гардидани занҷираҳои таъминот аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба устувории низоми ҷаҳонии озуқаворӣ таъсири назаррас мерасонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз таъсири ин равандҳои ҷаҳонӣ дар канор набуда, бо назардошти хусусияти табиӣ ва иқлимии мамлакат, инчунин вобастагии истеҳсолоти кишоварзӣ аз захираҳои об имрӯз масъалаҳои таъмини рушди устувори соҳа, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, амалӣ намудани усулҳои муосири кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ аҳамияти махсус касб менамоянд.
АКС Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 13, 2026 10:41
