ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар шаҳри Душанбе даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни машварат доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкории судманди ду мамлакат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд таъкид кард, ки байни шаҳрҳои Душанбе ва Клагенфурт солҳо ин ҷониб робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор гардида, ҳузури ширкатҳои австриягии «Фойт Ҳайдро», «Андритс Ҳайдро», «Доппелмайр» ва «АМЕ» дар соҳаҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон намунаи ҳамкории муваффақи Тоҷикистон ва доираҳои соҳибкории Аврупо ба ҳисоб меравад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 13, 2026 09:17

