ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр зимни мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат иброз доштанд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкории хурду миёна мораторий барои санҷиши ин субъектҳо, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз барои ду соли дигар – то 1 январи соли 2029 тамдид карда шавад.
Сарвари давлат изҳор намуданд, ки татбиқи он бо назардошти ҳолатҳои истисноии пешбининамудаи қонун таъмин гардад.
«Риояи қатъии талаботи мораторий бояд таъмин гардида, ҳама гуна санҷиш, талаб кардани ҳуҷҷатҳои иловагӣ ё даъвати соҳибкор ба мақомоти давлатӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ва бо асосҳои дақиқи ҳуқуқӣ доир шавад. Ҳамзамон ҳифзи фаъолияти қонунии соҳибкорӣ ва пешгирии дахолати беасос вазифаи доимии мақомоти давлатӣ мебошад»,–таъкид намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат иброз намуданд, ки барои субъектҳои дигари соҳибкорӣ аз 1 январи соли 2027 санҷишҳо танҳо дар асоси қонун ва арзёбии хавф, бо риояи салоҳияти мақомоти санҷиш ва таъмин гардидани асоснокию шаффофият гузаронида шаванд.
Нисбат ба ҳар ҳолати дахолати беасос тадбирҳои қонунӣ андешида, ҷавобгарии шахсони мансабдори гунаҳкор бояд таъмин гардад. Ҳамзамон ҳаёту саломатии одамон, манфиатҳои ҷамъиятӣ, амнияти озуқаворӣ, муҳити зист ва амнияти давлат бояд боэътимод ҳифз карда шаванд. Зеро ҳифзи ҳуқуқи моликият ва дахлнопазирии фаъолияти қонунии соҳибкорӣ шарти асосии эътимоди соҳибкорону сармоягузорон мебошад.
Роҳбари давлат иброз доштанд, ки ҳеҷ як мақоми давлатӣ ё шахси мансабдор ҳуқуқ надорад, ки берун аз доираи салоҳияти худ ба фаъолияти соҳибкор дахолат намояд, қабули қарорро беасос кашол диҳад ё монеаи сунъӣ эҷод кунад.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2025 ба ҳама намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз то 1 январи соли 2027 мораторий эълон шудааст.
Ин мораторий, ки дар доираи сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ бори панҷум ҷорӣ шудааст, ба пешгирӣ кардани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои фаъолияти соҳибкорон равона гардидааст. Барои соҳибкории хурду миёна нигоҳ доштани чунин шароит барои таҳкими фаъолият, навсозии истеҳсолот ва ҳифзи ҷойи кор зарур аст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 15, 2026 09:19
