ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар шаҳри Панҷакент бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Пешвои миллаи-эҳёгари анъанаҳои миллӣ» ва даври ҷамъбасти Озмуни ҷумҳурияии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» барузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Форум ва озмун бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ ва дастгирии занони ҳунарманд ва соҳибкор дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» гузаронида шуд.
Меҳмонон ва иштирокчиёни форум нахуст бо намоиши ҳунарҳои миллӣ, ки дар он маҳсули дасти ҳунармандони минтақаҳои ҷумҳурӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд, шинос шуданд.
Зимни форум иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаю ҳунарҳои миллӣ эҳё ва рушд гардида, ҳазорҳо нафар ҳунармандон, хоса бонувон, ба ин соҳа ҷалб шуда, дар муаррифии ҳунарҳои миллии тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳм гузоштанд.
Гуфта шуд, ки ҳунарҳои миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидаанд. Намунаи барҷастаи ин эътироф ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шудани чакандӯзӣ ва ба Феҳристи ҷаҳонии шаҳрҳои ҳунармандӣ шомил гардидани шаҳри Панҷакент бо ҳунари сӯзанидӯзӣ ва шаҳри Истаравшан бо ҳунари кордсозӣ мебошад.
Дар фарҷоми форум ғолибони Озмуни ҷумҳурияаии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» бо Диплом ва мукофоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати мамлакат қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 18, 2026 09:30
