ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр, соати 10:00 иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 2026 аз соати 09:00 то соати 17:00 ва 17 октябри соли 2026 аз соати 07:00 то 09:00 дар шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
Телефонҳо: 221-98-35, 223-19-48.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 14, 2026 11:40

