ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомуддин Сатторов бо намояндагони ширкатҳои VERTEX GmbH, LAMPE GmbH ва Honeywell мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд, ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои саноати кӯҳӣ, соҳаи нафту газ, таъмини бехатарии корхонаҳои саноатӣ ва навсозии хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Ҷониби Олмон инчунин барои идомаи муколама дар доираи сафари дарпешистодаи ҳайати тиҷоратӣ ба шаҳри Душанбе изҳори омодагӣ намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон
Октябрь 24, 2026 09:00
