ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева шинос шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, зимни шиносоӣ ба донишҷӯён оид ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи бисёрҷониба, ба хусус ташаббусҳои кишвар дар самтҳои дипломатияи об, сулҳ ва зеҳни сунъӣ маълумот пешниҳод гардид. Ҳамзамон масъалаи пешсафии Тоҷикистон дар ҳамкории байналмилалӣ ва талошҳои мамлакат барои мусоидат ба муколама ва ҳалли мушкилоти глобалӣ дар доираи платформаҳои бисёрҷониба мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария
Октябрь 21, 2026 11:35
