ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2026 суръати рушди иқтисоди миллӣ 8,3 фоиз таъмин карда шуд. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат.
Сарвари давлат изҳор намуданд, ки ин пешравӣ пеш аз ҳама, натиҷаи сулҳу субот, сиёсати иқтисодии давлат ва заҳмати аҳлонаи мардуми кишвар, аз ҷумла соҳибкорон мебошад.
Таъкид шуд, ки бахши хусусӣ метавонад омили асосии афзоиши рақобатнокии миллӣ, ҳавасмандгардонии навовариҳо ва тақвияти суботи иқтисодию иҷтимоӣ гардад. Дар баробари ин, суръати баланди рушд бояд ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, зиёд шудани истеҳсолоти рақобатнок ва таъсиси ҷойҳои кории сермаҳсул табдил ёбад.
«Ин меъёри асосие мебошад, ки мо фаъолияти мақомоти давлатӣ ва бахши хусусиро бояд аз рӯйи он арзёбӣ намоем. Истифодаи самараноки дониш ва технологияҳои муосир, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок бояд ҳадафи марҳалаи нави рушди соҳибкорӣ бошад, ки дар он соҳибкории қавӣ ва фазои мусоид нақши муҳим мебозад»,–баён доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 177 миллиард сомонӣ расида, рушди воқеии иқтисодӣ 8,4 фоизро ташкил дод.
АКС: АМИТ «Ховар»
Октябрь 15, 2026 17:25
