ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни ҷаласа доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва густариши шарикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ ва густариши ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосирро баррасӣ намуданд. Дар ин замина, аҳаммияти идомаи муколамаи сиёсӣ ва рушди ҳамкории бисёрҷониба дар доираи қолаби С5+1 таъкид гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

