ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пензаи Федератсияи Русия бо омӯзгорон ва донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Пенза мулоқот намуданд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» дар Русия хабар медиҳад.
Зимни мулоқот Раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза Олимҷон Шеров дар бораи солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат», иҷрои «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» сухан гуфт.
Таъкид гардид, ки ҷавонон бояд дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифат, истифодаи самараноки технологияҳои муосир, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ, инчунин таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳм гузоранд.
Гуфта шуд, ки дар шароити рушди босуръати техникаву технология ва густариши зеҳни сунъӣ илму дониш аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Сарвати асосии давлатҳоро пеш аз ҳама инсонҳои донишманд, ҷавонони соҳибмаърифат ва кадрҳои баландихтисос ташкил медиҳанд.
Дар фарҷоми мулоқот ба донишҷӯёни тоҷик тавсия дода шуд, ки вақти худро самаранок истифода бурда, ба омӯзиши зеҳни сунъӣ, забонҳои хориҷӣ ва дастовардҳои илму технологияҳои муосир таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»
