ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо вазири адлияи Давлати Кувайт Носир Юсуф Ас-Сумайт мулоқот кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, ҷонибҳо зимни изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт дар бораи густариши ҳамкории ду мамлакат дар заминаҳои гуногун ва нақши мақомоти адлия дар ин самт мубодилаи афкор карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт
Октябрь 20, 2026 09:27
