ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ бо иштироки намояндагони соҳаи энергетикаи кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, аҳамияти ҳамкории минтақавиро дар таъмини амнияти энергетикӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаю ҳамсоягии нек таъкид намуд. Гуфта шуд, ки имрӯз кишварҳои минтақа дар назди худ вазифаҳои муҳим, аз ҷумла таҷдиду навсозии инфрасохтори энергетикӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таъмини фаъолияти боэътимоди низомҳои энергетикиро гузоштаанд, ки ҳалли онҳо тақвияти ҳамкории муштаракро тақозо менамояд.
Дар идома доир ба рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон маълумот пешниҳод гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷонибдори таҳкими ҳамкории энергетикии минтақавӣ дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобил, шаффофият ва ба инобат гирифтани манфиатҳои миллии ҳар давлат мебошад.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ дар мувофиқа намудани қарорҳои муштарак, таъмини фаъолияти боэътимоди низоми муттаҳидаи энергетикӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳои иштирокчӣ ва рушди ҳамкории мутақобили судманд нақши муҳим дорад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Октябрь 16, 2026 14:24
