ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса хабар доданд.
Дар кори конфронс роҳбарон ва намояндагони идораҳои патентии давлатҳои аъзои Ташкилоти патентии Авруосиё, намояндагони сафоратҳо, мутахасисону ихтироъкорони дохилию хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмию таълимӣ, олимони соҳавӣ, ихтироъкорону навоварон, соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар шакли ҳузурию маҷозӣ иштирок намуданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни конфронс аҳамияти истифодаи самараноки моликияти зеҳниро барои рушди иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Иброз гардид, ки тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, рушди механизмҳои интиқоли технологияҳо, ҳифзи тамғаҳои молӣ, ихтироот ва намунаҳои саноатӣ, истифодаи имкониятҳои нишондодҳои ҷуғрофӣ метавонанд ба пешбурди маҳсулоти минтақавӣ ва густариши содироти Тоҷикистон мусоидат намоянд.
Ҳамзамон дар конфронс раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисод ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси муосир ҳамчун заминаи асосии тавлиди ғояҳои нав ва ихтирооти патентӣ арзёбӣ шуд.
Таъкид шуд, ки бе рушди технологияҳои иттилоотӣ муҳофизати боэътимоди брендҳои миллӣ дар бозори рақамӣ имконнопазир аст.
Иштирокчиён изҳор доштанд, ки сабти расмии тамғаҳои молӣ ва нишондодҳои ҷуғрофии Тоҷикистон соҳибкорони ватаниро аз рақобати носолим ва нусхабардории ғайриқонунии маҳсулоташон дар хориҷи кишвар ҳимоя мекунад.
Дар доираи ин ҳадафҳо иштирокчиён изҳор доштанд, ки таҳкими фазои патентии Авруосиё имкониятҳои навро барои соҳибкорон ва ихтироъкорони Тоҷикистон ҷиҳати дастрасӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ фароҳам меорад. Ин раванд на танҳо ба ҳифзи боэътимоди ҳуқуқии брендҳо ва технологияҳои ватанӣ дар хориҷи мамлакат мусоидат мекунад, балки рақобатпазирии маҳсулоти миллиро дар заминаи иқтисоди глобалӣ ба таври назаррас баланд мебардорад.
Тазаккур дода шуд, ки рушди ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт заминаи мусоидро барои табодули таҷриба, интиқоли технологияҳои пешқадам ва роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмию истеҳсолӣ гузошта, ба гузариши босуръати Тоҷикистон ба иқтисоди рақамӣ мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки конфронс бо мақсади рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, таҳкими фазои патентии Авруосиё ва мусоидат ба амалӣ намудани навоварӣ ва технологияҳои муосир баргузор мегардад.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
