ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» сазовори ҷоизаҳои байналмилалии Ассотсиатсияи институтҳои рушд дар Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором (ADFIAP) дар доираи озмуни «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» хабар доданд, Бонк дар номинатсияи «Фарогирии молиявӣ» ҷойи аввалро ишғол намуда, дар номинатсияи «Рушди соҳибкории хурду миёна» соҳиби ҷоизаи дараҷаи фахрӣ гардид.
Ҷоизаи аввал дар номинатсияи «Фарогирии молиявӣ» натиҷаи фаъолияти самараноки Бонк дар самти васеъ намудани дастрасии соҳибкорон ба хизматрасониҳои молиявӣ мебошад. Аз ҷумла, дар соли 2025 тавассути маҳсулоти қарзии «Имконият» зиёда аз 1 500 соҳибкори хурди ватанӣ аз минтақаҳои гуногуни кишвар дастгирӣ ёфтанд.
Ҷоизаи фахрӣ дар номинатсияи «Рушди соҳибкории хурду миёна» саҳми назарраси Бонкро дар дастгирии соҳибкорӣ ва рушди иқтисоди миллӣ инъикос менамояд. Дар натиҷаи фаъолияти Бонк дар соли 2025 ба соҳибкорон маблағгузории назаррас пешниҳод гардида, барои таъсиси зиёда аз ҳазор ҷойҳои нави корӣ замина фароҳам оварда шуд.Ин дастовардҳо аз эътирофи байналмилалии фаъолияти «Саноатсодиротбонк» шаҳодат дода, садоқати Бонкро ба навоварӣ, дастгирии ташаббусҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони ватанӣ ба маблағгузорӣ тасдиқ менамоянд.
Дар бонк таъкид карданд, ки «Саноатсодиротбонк» дар оянда низ барои саҳмгузорӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва васеъ намудани имкониятҳои маблағгузории имтиёзнок кӯшишҳои худро идома хоҳад дод.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»
Маълумотнома
Ассотсиатсияи институтҳои молиявии рушд дар Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором (ADFIAP) иттиҳодияи бонкҳои рушд ва дигар институтҳои молиявии дорои фаъолияти маблағгузории соҳаи воқеии иқтисодиёт дар Осиё ва уқёнуси Ором мебошад. Ассотсиатсия соли 1976 таҳти сарпарастии Бонки Осиёии Рушд таъсис ёфта, айни замон аз 97 ташкилоти аъзо аз 42 кишварро муттаҳид менамояд.
