ДУШАНБЕ, 25.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Занбӯриасалпарварӣ дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо асали табиӣ, баланд бардоштани даромади оилаҳо, таъсиси ҷойи нави кор ва беҳтар намудани гардолудшавии зироати кишоварзӣ нақши муҳим дорад.
Аҳамияти занбӯриасалпарварӣ
Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки занбӯриасалпарварӣ аҳамияти экологӣ низ дорад. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд. Гардолудкунии занбӯрҳо ҳосилнокии боғҳо ва зироати кишоварзиро аз 20 то 50 фоиз ва ҳатто бештар аз ин зиёд мекунад.
Парвариши занбӯр танҳо барои гирифтани асал нест. Маҳсулоти он дар соҳаҳои тиб, саноати қаннодӣ, металлургия, коғазбарорӣ ва косметология васеъ истифода мешавад. Асал яке аз маҳсулоти асосии ғизоӣ ва шифобахш ба шумор меравад. Муми занбӯр дар саноат ва тиб васеъ истифода гардида, гарди гул ва прополис антибиотики табиӣ ва тақвиятбахши иммунитети бадан дониста мешаванд. Инчунин шири модарзанбӯр барои истеҳсоли дорувориҳои қиматбаҳо дар тиб истифода мешавад.
Барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии он татбиқи усулҳои илмӣ, иқтисодӣ ва технологӣ зарур аст. Мувофиқи таҳлилҳои соҳавӣ, дар Тоҷикистон шумораи оилаҳои занбӯри асал мунтазам зиёд мешавад.
Маълумоти оморӣ
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар нуҳ моҳи соли равон соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар ҷумҳурӣ бо нишондиҳандаҳои назарраси истеҳсолӣ фаъолият намуда, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 262,0 ҳазор оилаи занбӯри асал нигоҳубин карда шудааст. Дар натиҷаи фаъолияти соҳа 3530 тонна асал истеҳсол гардида, барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти ватанӣ ва фароҳам овардани имконияти иловагӣ барои рушди истеҳсолот ва содироти асал замина гузошта шудааст.
Аммо ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми истеҳсоли асал дар моҳҳои январ-августи соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 1690,7 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 20,7 фоиз кам мебошад.
Сардори Раёсати чорвопарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Ҳабиб ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки агар соли 1991 дар мамлакат 112 ҳазор оилаи занбӯри навъи карпатӣ мавҷуд буд, ҳоло 270 ҳазор оилаи занбӯри ин навъ ба қайд гирифта шудааст. Ин яке аз сермаҳсултарин ва оромтарин зотҳои занбӯри асал дар Тоҷикистон мебошад. Оилаи занбӯри карпатӣ метавонад ба ҳисоби миёна то 80 килограмм асал истеҳсол кунад. Онҳо ба хунукӣ тобоваранд ва дар зимистон хӯрокро сарфакорона истифода мебаранд.
«Нисбат ба солҳои гузашта имсол ҳосили асал бештар аст, зеро мавсими имсола барои занбӯрпарварон хеле мувофиқ буд. Тибқи талаботи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд маълумот оид ба фаъолияти худро тавассути электронӣ ба мақомоти омори ноҳияҳо супоранд. Аммо баъзе аз роҳбарони хоҷагиҳо ба технологияи муосир дастрасӣ надоранд ва ин талаботро риоя намекунанд. Аз ин рӯ, ҳисобҳо дақиқ нестанд», — гуфт Убайдулло Ҳабиб.
Таъкид шуд, ки дар ҷумҳурӣ дарахтон ва растаниҳои гарддиҳандаву шаҳдҷудокунанда 173 намудро ташкил мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки шумораи оилаҳои занбӯр ва истеҳсоли асал бештар гардад. Ҳамчунин ба миқдори зиёд мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, заҳри занбӯр ва ширеш истеҳсол шавад.
Нархи асал
Роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии «Асали Тоҷик» Олим Аминов иброз намуд, ки дар хоҷагиҳои занбӯриасалпарварӣ беш аз 4 ҳазор оилаи занбӯр парвариш меёбад. Имсол нисбат ба соли 2025 ҳосил бештар аст. Инчунин таваҷҷуҳ ба парвариши занбӯр низ сол то сол зиёд мегардад. Имсол аз ҷониби занбӯрпарварони мо нархи як килограмм асал аз 60 то 80 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуд.
17 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон доир шуд, ки дар доираи он «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал» низ баргузор гардид. Занбӯрпарварон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат намудҳои гуногуни асалро пешниҳод намуданд.
Тавре занбӯрпарварон дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз доштанд, имсол ҳосили шаҳди занбӯрон нисбат ба солҳои пеш кам нест ва дар ин намоишгоҳ навъҳои беҳтарини асал ба намоиш гузошта шуданд.
Убайдулло Ҳабиб изҳор медорад, ки «дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нархи як килограмм асал аз 30 сомонӣ сар мешавад. Имсол нархи асал хеле дастрас аст, зеро ҳосили имсола фаровон мебошад».
Содироти асал
Дар шаш моҳи соли равон рушди содирот дар бахши чорводорӣ ва парандапарварӣ назаррас буд. Дар ин давра 360 оилаи занбӯри асал ба хориҷи кишвар интиқол дода шуд. Инчунин асали тоҷик бештар ба Федератсияи Русия ва Арабистони Саудӣ содирот мегардад.
Зиёда аз 93 фоизи масоҳати Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз ин рӯ асали кӯҳии тоҷикӣ аз ҷиҳати экологӣ комилан тоза мебошад. Дар кӯҳҳо растаниҳо ва гулҳои кӯҳию шифобахш бештар мерӯянд ва занбӯрҳо аз садҳо намуд гули омехта шаҳд мегиранд. Аз ин рӯ, асали тоҷикӣ дорои бӯи хос ва таъми тунди ширин аст.
Ҳангоми хӯрдани асали ҳақиқии кӯҳӣ дар гулӯ ҳисси андаке сӯзиш пайдо мешавад, ки ин нишонаи консентратсияи баланди моддаҳои фаъоли табиӣ мебошад. Дар Тоҷикистон дар баробари асали кӯҳӣ намудҳои махсус, ба монанди асали пахта ва асали пистазору бодомҳои кӯҳӣ низ истеҳсол мешавад, ки дар бисёр давлатҳои дигар умуман вуҷуд надоранд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
Октябрь 25, 2026 10:00
