ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо роҳбарияти Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи Москва (МТУСИ) ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин муассисаи таҳсилоти олӣ таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи илму маориф, беҳтарсозии шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик, инчунин таҳкими робитаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони Сафорат оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ дар бунёду навсозии зиёда аз 36 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла бунёди ҳазорҳо километр роҳ ибрози назар намуданд.
Таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ, 2080 майдончаи варзиш ва 5100 иншооти хизматрасонӣ бунёду навсозӣ ва ба истифода дода шудааст.
Ҳамзамон намояндагони Сафорат доир ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат», иҷрои «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» изҳори назар намуданд.
Донишҷӯёни тоҷик даъват шуданд, ки дар баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, истифодаи самараноки технологияҳои муосир, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва таҳкими фазои солими маънавӣ дар ҷомеа, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, пешгирии ҷавонон аз нашъамандӣ, аз байн бурдани ҷаҳлу хурофот, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, ҷавонон, занон, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ саҳм гузоранд.
Инчунин ба донишҷӯёни тоҷик иттилоъ дода шуд, ки 31 августи соли 2026 дар таърихи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳим ва ифтихорбахш сабт гардид.
Иброз карда шуд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи «Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод»-ро қабул намуд. Тибқи он, аз соли 2027 сар карда, ҳамасола 31 август дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил хоҳад гардид.
Таъкид гардид, ки қабули қатънома саҳми боризи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули муколамаи ҷаҳонӣ оид ба зеҳни сунъӣ буда, уҳдадории кишварро дар пешбурди ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати инкишоф ва истифодаи зеҳни сунъӣ ба манфиати рушди устувор ва тамоми инсоният тасдиқ менамояд.
Дар вохӯрӣ ба донишҷӯёни тоҷик таъкид карда шуд, ки дар шароити рушди бесобиқаи техникаву технология ва густариши зеҳни сунъӣ соҳиб будан ба илму дониш аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо мекунад ва сарвати асосии давлатҳоро пеш аз ҳама инсонҳои донишманд, ҷавонони соҳибмаърифат ва кадрҳои баландихтисос ташкил медиҳанд.
Ба донишҷӯёни тоҷик тавсия дода шуд, ки вақти худро самаранок истифода бурда, ба омӯзиши зеҳни сунъӣ барои рушди устувор, забонҳои хориҷӣ ва дастовардҳои илму технологияҳои замонавӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»
