ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» ба истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.
Сипас масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр шунида шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ҷиҳати иҷрои «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027», дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки баҳри муҳайё сохтани шароити бароҳат ба сокинон дар давраи зимистон корҳоро дар самтҳои таъминоти бемамонияти обу барқ, гармӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулотҳои ниёзи аввалия дар бозорҳо тақвият бахшанд.
Сипас рафти иҷрои «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ба муовини Раиси шаҳри Душанбе – ва дигар сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки ҷиҳати иҷрои босифати Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, сарфаи энергия, рушди манбаъҳои барқароршаванда, идоракунии дурусти партовҳо, рушди нақлиёти экологӣ, истифодаи технологияҳои муосир, ки ба рушди иқтисоди «сабз» нигаронида шудааст чораҳои дахлдор андешанд.
Инчунин, бо мақсади амали гардонидани ҳадафи барнома ба сохторҳои соҳавӣ дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати ватанӣ ҶДММ «Руфтоб» доир ба масъалаи насби панелҳои офтобӣ дар ҳама корхонаҳои ҳудуди шаҳр новобаста аз шакли моликият бо инобати имкониятҳои мавҷуда корбарӣ намоянд.
Вакилон дар идома, «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои солҳои 2026-2030»-ро баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Дар ин робита, Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинон, роҳбари дастгоҳ, раисони ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои босифат ва самараноки Барнома дастур дода шуд, ки корҳоро дар соҳаҳои рушди иқтисод, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати давлатии ҷавонон, гузариш ба низомҳои рақамӣ, иноватсия, саноат, кишоварзӣ, ҷалби сармоя, соҳибкории хурду миёна, рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт, сохтмону меъморӣ, барқу гармидиҳӣ, обу корезӣ ва рушди иқтисоди сабз тақвият бахшанд.
Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар масъалаи кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вакилон ва кулли ҳозиринро ба хизмати содиқона баҳри рушду нумуи пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе даъват карда, ба онҳо сарбаландӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ, бурдборӣ ва ба Тоҷикистони азиз пешравию шукуфоиро таманно намуданд.
Бо ҳамин иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, кори худро анҷом дод.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

