ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 сентябр то 2 октябри соли равон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти ширкати пешбари инноватсионии тухмипарварии Чин- Xinjiang Jinghua Seed Industry Co., Ltd. (дар ҳайати корпоратсияи Longping High-tech) шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ассотсиатсияи пахта ва нассоҷии Тоҷикистон.
Ҳадафи асосии сафар омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва таҳкими муносибатҳои шарикӣ бо ин ширкат буда, дар ҳайат намояндагони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва роҳбарони корхонаҳои пешбари бахши хусусии вилояти Суғд шомил буданд.
Ҳайат бо пойгоҳи илмӣ-тадқиқотии ширкат ба таври муфассал шинос шуда, аз озмоишгоҳҳои муосири селексионӣ, генетикаи молекулавӣ ва майдонҳои намоишӣ дидан карда, бо пахтакорони чинӣ вохӯрӣ намуданд.
Ҷониби Чин дастовардҳои охирини худро дар соҳаи биотехнология, аз ҷумла парвариши навъҳои сермаҳсули пахта муаррифӣ намуданд, ки ҳосилнокии устувори истеҳсолии онҳо 7,5–12 тонна пахтаи хомро аз ҳар гектар ташкил медиҳад ва ба шароити номусоиди иқлимӣ, хушксолӣ ва ҳашароти зараррасон тобовар мебошанд.
Ба технологияҳои мониторинги рақамии киштзорҳо, усулҳои инноватсионии омодасозии маводи тухмӣ, ки ба таври назаррас баланд бардоштани ҳосилнокиро имконпазир мегардонанд, равандҳои инноватсионии агротехникӣ ва обёрӣ, инчунин назорати сифати нахи пахта диққати махсус дода шуд. Аъзои ҳайат сатҳи автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ ва иқтидори илмӣ-техникии ҳамкасбони чиниро баланд арзёбӣ карданд.
Дар доираи вохӯриҳо ҷонибҳо масъалаҳои таъмини тухмиҳои босифати пахта, дурнамои интиқоли технологияҳо, гузаронидани озмоишҳои муштараки саҳроии навъҳои инноватсионӣ, инчунин оғози барномаҳои табодули таҷриба байни кормандони илмиро баррасӣ намуданд. Намояндагони бахши хусусӣ ба татбиқи тиҷоратии дастовардҳои селексионии Чин бо мақсади навсозии маҷмааи агросаноатии ватанӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Дар натиҷаи ин сафари омӯзишӣ оид ба таҳияи нақшаи роҳи ҳамкорӣ мувофиқаҳои пешакӣ ҳосил гардиданд. Ҷорӣ намудани равишҳои инноватсионии муаррифишуда бояд ба рушди пахтакории миллӣ такони ҷиддӣ бахшад, дар тухмипарварии пахта сатҳи сифатан нави истиқлолияти технологиро таъмин намояд ва ба истеҳсоли нахи босифати пахта ва маҳсулоти нассоҷӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат кунад.
АКС: Ассотсиатсияи пахта ва нассоҷии Тоҷикистон
