ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов 22 октябр дар брифинги дуюми Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб доир ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2026 иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, дар ҳамоиш роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои минтақавию байналмилалии муқим ширкат варзида, ташкилотчиён рӯнамои фарогири маълумоти зарурӣ доир ба барнома, ҷанбаҳои муҳтавоӣ, ташрифотӣ ва тартиботи моддию техникии иштирок дар Конфронсро пешкаши ҳозирин намуданд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2026 таҳти ҳамраисии Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Сенегал 8-10 декабри 2026 дар шаҳри Абу Забӣ дар назар аст.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Октябрь 24, 2026 13:50

